Озмуни беҳтарин рассом ва ихтироъкор дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
ХОРУҒ, 1.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуи шаҳри Хоруғ бо ибтикори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Корхонаи давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раёсати маорифи вилоят озмуни вилоятии «Рассом ва ихтироъкори беҳтарин» дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор баргузор шуд. Дар озмун рассомону ихтироъкорони наврас аз ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ширкат доштанд.
Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар Шолангаров эҷодкорони наврасро бо шартҳои озмун шинос намуда, изҳор дошт, ки мақсади озмун огоҳ намудани кӯдакон бо сабабҳои сар задани сӯхтор ва роҳҳои пешгирӣ кардани он мебошад.
Анвар Шолангаров гуфт, ки «назар ба солҳои пеш имсол хонандагон ҳам суратҳои дорои мазмуни баланд ба озмун пешкаш карданд ва ҳам маҳсули эҷоди худро хеле бурро, фаҳмо ва дақиқ муаррифӣ карданд. Ба суолҳои иловагии ҳакамон низ посухи саҳеҳ доданд. Аз суҳбат аён гардид, ки кӯдакону наврасон оид ба оқибатҳои сӯхтор ва тарзи пешгирии он маълумоти кофӣ доранд ва метавонанд дониши назариявии худро дар амал татбиқ намоянд».
Кори эҷодии хонандаи мактаби рақами дуюми шаҳр хеле ҷолиб буд. Вай дар расми худ бинои таълимгоҳ ва дар канори он ҳавзи беобро тасвир кардааст. Ҳангоми шарҳи расмаш гуфт, ки «пештар дар назди аксарияти муассисаҳои таълимӣ ҳавзҳои махсуси пур аз об мавҷуд буданд ва дар сурати зарурӣ оташнишонон аз оби ин ҳавзҳо истифода мебурданд. Аммо ҳоло бештари ин ҳавзҳо ё аз байн рафтаанд, ё баъзеашон ба макони ахлотпарто табдил ёфтаанд».
Ин хонанда пешниҳод намуд, ки бояд аз сари нав ҳамаи ин ҳавзҳо барқарор карда шаванд.
Пас аз тамошо ва муҳокимаи маҳсули эҷодкорони наврас ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.
Ба ғолибон ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






