Панди падар омӯз…

Июнь 5, 2017 17:24

ДУШАНБЕ, 05.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Бахши нави мо «Ҳидоят» ном дорад ва ҳадаф аз таъсиси он – ҳисса гузоштан дар татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Ин мавзӯъ (муносибат ва пайванди наслҳо, волидайн ва фарзандон) дар ҳама давру замонҳо мавзӯи муҳим буд ва имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ (глобализм) ва бархӯрди фарҳангҳо, адёну оинҳо,дар замони  рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва афзоиши манбаҳои хабарӣ  аҳамияти бештар касб намудааст. Дар чунин вазъият тақдири имрӯзу фардои ҷомеаи мо ба таълиму тарбияи насли наврас вобаста аст, ба он вобаста аст, ки фарзандони мо чӣ гуна таълиму тарбия мегиранд, чи гуна рушд меёбанд ва кадом роҳро дар кору зиндагии худ пеша месозанд. Дар ин самт воқеан ҳам нақши падару модарон бағоят бузург аст.

 Дар бахши «Ҳидоят» мо ҳидоятҳо, насиҳатҳо, панду андарзи бузургони гузашта ва имрӯзаи миллатамонро, ки бо фарҳангу тамаддун ва ахлоқу дониши накӯ дар ҷаҳон машҳур аст, ба ёд меорем, ба удабо ва уламои шинохтаамон  роҷеъ ба ин мавзӯъ сухан медиҳем, аз рӯзгор ва омолу андешаи ибратомӯзи волидайн ва фарзандони намунавии кишварамон қисса мекунем.

Сугдмехр

 

Инак маводи аввалро бо номи «Панди падар омӯз…», ки муаллифи он Суғдмеҳри Маъруфзод ҳамзамон масъули бахши «Ҳидоят» аст, пешкаши хонандагон менамоем.

 

 

 

«Бидон эй писар, ки … аз муҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст худро хурмат доштан ва тааҳҳуд кардан…Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош… Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош (Унсурмаолии Кайковус  «Қобуснома»)

Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир зиёда аз 900 сол пеш  бо мақсади тарбияи фарзанди худ бо номи Гелоншоҳ  ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ дар сини 63-солагӣ ба навиштани насиҳатномае оғоз намуд, ки дар адабиёти  ҷаҳон   бо  номи «Қобуснома» машҳур аст.  Дар «Қобуснома» Кайковус пеш аз ҳама ба некиву накӯкорӣ диққат дода, ин хислати инсониро аз фазилатҳои асосии инсон донистааст. Муаллиф ҷоҳилӣ, фиребкорӣ, худписандӣ, бадгӯӣ, кинаву бахилӣ, риёю ситам барин хислатҳои зиштро маҳкум намуда, дӯстию накӯкорӣ, ростиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ, фурӯтанӣ, беозорӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсониро ситоиш ва талқин мекунад.

 

***

Пешвои миллатМардуми шарифи Тоҷикистон зимни мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки  15 феврали соли равон дар Душанбе сурат гирифт, шоҳиди  муроҷиати пандомез ва  омӯзандаи ӯ ба фарзандашон Рустами Эмомалӣ гардида, барои худ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.

Сарвари давлат бо ин амали худ анъанаи дерину ибратбахши ниёгони гузаштаамонро аз нав зинда намуданд. Мо аз таърих медонем, ки ба ҷуз Унсурмаолии Кайковус, Низомии Ганҷавӣ ва дигар адибони ҷаҳоншумуламон, ки бар фарзандонашон насиҳатномаҳо навиштаанд, инчунин шоҳони адолатпарвар низ будаанд, ки ба фарзандонашон оид ба корҳои  роҳбарӣ, зандагии шахсӣ, муносибат ба одамон ва ғайра панду андарзҳои нек додаанд, масалан  шоҳ Яздигурд ба писаронаш Фирӯз ва Ҳурмуз, шоҳ Кавад ба писараш Хусрави Анӯшервон, шоҳ Анӯшеравони Одил ба писараш Ҳурмузди 4 ва ғайра.

Баъди гузашти садсолаҳо Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҷомеа фарзанди худро ба дӯстию накӯкорӣ, ростиву ҷавонмардӣ,  фурӯтанӣ ва беозорӣ  ҳидоят намуданд.  Ва ин ҳидояти  Ҷаноби Олӣ ба фарзанд ва  дар симои ӯ   ба  кулли ҷавонони  Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки  Сарвари муаззами мо ба таърих, расму оин ва анъанаҳи неку пешқадами ниёгони шарафмандамон арҷ мегузоранд ва ба дигар аъзои ҷомеа низ  андарзи машҳури аҷдодони бостониамон – «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро   талқин менамоянд.

Таърих собит кардааст, ки ҳар асилзодае ба маснади баланди иззату обрӯ  бо шарофати панду насиҳати падару модар, тарбияи воло ва таъсири муҳити хонаводагӣ мерасад. Аз ин лиҳоз бояд волидайн дар тарбияи фарзанд саҳми босазои худро гузоранд. Насли имрӯза идомадиҳандаи рӯзгори насли гузашта аст  ва бунёди ояндаи дурахшон бо саъйю кӯшиши насли имрӯза роҳандозӣ мегардад.  Маҳз ба ҳамин хотир, ба хотири бунёди ояндаи дурахшони ин сарзамин  Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд ва маҳз бо ҳамин андеша соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудаанд.  

 Ҷаноби Олӣ  бо лаҳни хирадмандона ба фарзандашон хайрхоҳиву меҳрубониро талқин карда, гуфтанд, ки «бояд аз дағалӣ ҳазар кард» ва бо ин роҳ ӯро ба некиву накӯкорӣ ва инсондӯстӣ ҳидоят карданд. Чунончи:

«Дар муошират бо мардум меҳрубон бош. Ба дағалӣ роҳ надеҳ.

Мардуми мо хеле хайрхоҳу меҳрубон аст ва барои онҳо на он қадр чизи зиёд — барқи доимӣ, нархҳои начадон баланд ва кори шоиста лозим буда, онҳоро бо ин чизҳо таъмин кун ва мардум туро дастгирӣ хоҳад кард.

 Ба мардум наздиктар бошу бо онҳо тез-тез вохӯриҳо барпо кун.

На дар чорабиниҳои пуршукӯҳу қасрҳо, балки ба хонаҳои онҳо раву бо коргару хизматчии оддӣ сари як дастархон бинишин ва бо ин амалат на танҳо меҳру самимияти онҳоро ба даст меорӣ, балки дарк хоҳӣ кард, ки мардуми оддӣ чӣ тавр зиндагонӣ мекунад».

Ин суханони  хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ҳамчун чароғи ҳидоят барои роҳнамои тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ ва  насли оянда хоҳад гардид. Ин иқдомест, ки бояст тамоми падарону модарон аз он пайравӣ кунанд ва   ба фарзандони худ чунин панду андарз диҳанд. Ояндаи миллат бо насли оқилу тарбиятдида дурахшон хоҳад буд.

Водидайн бояд ба фарзандон бо пиндору гуфтор ва кору рафтори ҳамарӯзаи худ намунаи ибрат нишон диҳанд.  Ҳамасола мардуми Тоҷикистон мебинанд, ки Сарвари давлат аз оғози фасли баҳор  ба ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ баромада, ҳамроҳ бо фарзандонашон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ — ниҳолшинониро анҷом медиҳанд.

Пешрафти кишвар  бар ивази амалҳои нек ба даст меояд. Инро мо дар мисоли рушди рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол мебинем. Ва фахр мекунем. Ҷаноби Олӣ барои тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон пево, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошанд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки бо ин роҳбари тавоно, ҷасур, дурандеш, инсондӯст ва шахсияти бузург дар як давру замон зиндагӣ карда, аз баракаташ баҳравар мегардем.

***

 Рустами ЭмомалиАз рӯзи Раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ дар ҳаёти маданиву фарҳангӣ ва иҷтимоии пойтахт дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омадаанд. Кӯчаву гулгаштҳо зеботару муосиртар, вазъи нақлиёт беҳтару чорабиниҳои фарҳангӣ бештар мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, дар назди биноҳои истиқоматӣ ташкил намудани майдончаҳои варзишӣ ва бозӣ барои бачагон басо назаррас ва саривақтӣ мебошанд. Назорати бозорҳо аз ниёзи аввалияи аҳолии пойтахт ба шумор меравад.

Ба ин ободониҳо назар афканда, насиҳатҳои Ҷаноби Олӣ ба фарзандашон пеши назар меояд ва касро хушнуд месозад, ки аллакай  он панду андарзҳоро фарзанди барӯмандашон бо масъулияти баланд дар кору фаъолияти хеш мавриди татбиқ қарор додааст.

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД,

масъули бахши «Ҳидоят»

 

P.S.  Ба рӯзноманигорон, адибон, донишмандон, таърихнигорон, коршиносон, ҳуқуқдонҳо, ба намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун  чунин муроҷиат мекунем:  ҳар касе дар ин мавзӯъ, дар боби пайванди наслҳо, волидайн ва фарзандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  навишта, гапи гуфтанӣ ё маълумот хонданӣ дорад, бахши «Ҳидоят» барои шумост!  Мо мунтазири маводҳои шумо хоҳем буд ва беҳтарин ва ҷолибтарини онҳоро дар сомона ба нашр хоҳем расонид.

 

 

 

Июнь 5, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш