Петер Сиярто: «Венгрия омода аст барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд»
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамо ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Венгрия дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Венгрия Петер Сийярто қарор дошт.
Дар мулоқот барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар давоми барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Венгрия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфтанд. Инчунин мусоҳибон доир ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои байнидавлатӣ ибрози назар намуданд.
Шукурҷон Зуҳуров бо ёдоварӣ аз мавқеи Венгрия дар Аврупои Шарқӣ ва таърихи робитаҳои қаблии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт: «Мо Венгрияро дар робитаҳои байналмилалии худ шарики боэътимод медонем ва барои таҳкими пояҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо он саъю талош дорем». Инчунин доир ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, иҷтимоӣ тавассути бунёди заминаи мусоиди ҳуқуқиву қарордодӣ табодули назар намуданд. Шукурҷон Зуҳуров хостори таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Венгрия гардид. «Бо таъсиси гурӯҳҳои дустӣ мо метавонем қадамҳои ҷиддитар дар муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Венгрия бардорем»,-такид кард Раиси Маҷлиси намояндагон.
Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто гуфт, ки Венгрия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манзури нақши муҳими он дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст. Мавсуф таъкид кард, ки Венгрия омода аст барои рушди иқтисоди Тоҷикистон тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштараки судманд мусоидати фаъол намояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






