Пирӯзии Филиппин бар дастаи мунтахаби Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.
Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ Парвизҷон Умарбоев (аз зарбаи ҷаримавӣ), Дилшод Восиев ва Манучеҳр Ҷалилов вориди дарвозаи меҳмонон карданд.
Бозии Тоҷикистон ва Филиппинро довар аз Сурия ҳакамӣ кард. Бозии навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 5 сентябр бо дастаи мунтахаби Непал баргузор мегардад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






