«Побарҷо тири замин аз Ваҳдат аст»-вохӯрӣ дар Нуробод
НУРОБОД, 14.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз гурӯҳи тарғиботии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Нуробод ҷиҳати тарғибу ташвиқи Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо фаъолон, ҷавонон ва бонувону собиқадорон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Расулов, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват ва ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Муродалӣ Маҳмадизода дар ноҳияи Рашт дар мавзӯъҳои «Побарҷо тири замин аз Ваҳдат аст», «Ҷавонон неруи созанда ва Ваҳдат сарчашмаи ҳама бурдбориҳои мо» сухан ронданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод Мирзомуддин Аслонов иттилоъ дод.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






