ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Июнь 17, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 июл то 4 августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ,  Иттифоқи журналистон, идораҳои воситаҳои ахбори омма барои маълумот ва иҷро фиристонида шудааст.

Баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегирад. Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввали вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз   натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот дода, оид ба мушкилоти мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо маълумот пешниҳод мекунанд.

Намояндагони ВАО имконият доранд, ки бевосита ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо  муроҷиат карда, ба саволу пурсишҳои  худ  ҷавоб гиранд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда «Масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо   мувофиқа намоянд». Толори Маркази матбуотии «Ховар» дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ, 40) ҷойгир аст.

Телефонҳо барои маълумот: 918 -21-52-04, 93-512-12-88, 221-30-15.

 

Акрам САНГЗОДА

Июнь 17, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад