Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зистро супорид

Июнь 24, 2017 13:16

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дирӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи «Гипрозем»-и шаҳри Душанбе бинои панҷошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар фазои идона ба 20 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви оилаҳои онҳо калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зистро супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бинои мазкур аз як даромадгоҳи асосӣ ва хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дар он 20 манзили истиқоматӣ мавҷуд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии  иҷрогардида барои бунёди бинои истиқоматӣ 6 миллиону 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бино дорои тамоми шароитҳои зисту зиндагонӣ мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе Паёми шодбошии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба ҳозирин расонда, зикр намуд, ки масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад корҳои зиёд амалӣ шудааст.

314_2953_01_00_00_01_20_Still003(1)

 

 

 

Июнь 24, 2017 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид