Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зистро супорид
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дирӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи «Гипрозем»-и шаҳри Душанбе бинои панҷошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар фазои идона ба 20 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви оилаҳои онҳо калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зистро супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бинои мазкур аз як даромадгоҳи асосӣ ва хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дар он 20 манзили истиқоматӣ мавҷуд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида барои бунёди бинои истиқоматӣ 6 миллиону 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бино дорои тамоми шароитҳои зисту зиндагонӣ мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба ҳозирин расонда, зикр намуд, ки масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад корҳои зиёд амалӣ шудааст.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






