Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳи автомобилгарди хиёбони Борбадро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

Июнь 24, 2017 13:48

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як қатор роҳҳои автомобилгарди пойтахтро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳ ва баҳрабардории қитъаи роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз  кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст,  ибтидо гузоштанд.

Сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад аз ҷониби пудратчии асосӣ -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба маблағи беш аз 90 миллион сомонӣ иҷро шудааст.

Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба субут расондаанд.

Дирӯз ҳамчунин корҳои навсозии хиёбони Ҷ. Расулов, ки  аз хиёбони Б.Ғафуров оғоз ёфта, то кӯчаи Р.Набиев дар масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ тӯл кашидааст, пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҳолат ва сифати қитъаи роҳи сохташуда,  ба фаъолияти роҳсозон баҳои баланд дод ва зикр намуд, ки роҳбарияти шаҳр тамоми имконияту захираҳоро сафарбар мекунад, ки ҳамаи роҳҳои пойтахт ба сатҳи талаботи байналмилалӣ расонда шаванд.

Лоиҳаи навсозии қитъаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» тарҳрезӣ шуда, пудратчии асосии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал Сервис»  мебошад ва ҳаҷми корҳои навсозӣ наздики 127 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Масофаи пиёдароҳҳо тақрибан 19 км-ро ташкил дода,  сохтмончиён дар баробари роҳсозӣ корҳои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, сохтмон ва васли панҷараҳои иҳотавӣ, қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва 19 адад истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро ба субут расондаанд.

Дар қитъаи мазкур ҳамчунин насб ва васли чароғакҳои роҳнамо, 662 адад аломатҳои роҳ,   қубурҳои газгузаронӣ, обтаъминкунӣ ва корез, ноқилҳои барқӣ, алоқа, сутунҳои оҳанин анҷом дода шудаанд. Қитъаи роҳи мазкур бо назардошти тамоми унсурҳои роҳсозӣ бунёд шуда, дорои тамоми инфрасохтори коммуналӣ мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баҳрабардории расмии    роҳи мошингарди кӯчаҳои Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ пас аз  анҷоми  корҳои навсозӣ  замина гузоштанд.

15-уми феврали соли равон зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.

Дар робита ба ин таъмиру асфалтпӯшкунии кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломови ноҳияи Синоро соҳибкори инфиродӣ — Директори ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» Изатулло Давлатов   ба ӯҳда гирифта буд.

Сохтмончиён дар маҷмӯъ дар  кӯчаҳои зикргардида 7,44 км роҳи автомобилгардро бо масоҳати 84 ҳазору 634 метри мураббаъ асфалтпӯш намуда,  8,39 км канорасангҳоро барқарор карданд.

Дар ҳамаи қитъаҳои болозикр корҳои бунёдӣ ва навсозӣ  аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкори инфиродӣ бо истифода аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудаанд.

Дар айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.

 314_2953_01_00_04_22_12_Still009

 

 

Июнь 24, 2017 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид