Рамазон Раҳимзода бо Олег Коновалов оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, генерал-лейтенанти политсия Олег Коновалов вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстию якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил омодагии худро изҳор доштанд.
Бояд гуфт, ки Директори Бюрои мазкур генерал-лейтенанти политсия Олег Коновалов ҷиҳати иштирок дар ҷамъомади ҳайати роҳбарони воҳидҳои зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, натиҷаи даври якуми машқҳои якҷояи зиддитеррористиро, ки дар моҳи май дар ҳудуди 6 давлати аъзои ИДМ- Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия баргузор гардид, ҷамъбаст намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






