Рустами Эмомалӣ ба бунёди мактабҳои нав дар пойтахт санги асос гузошт

Июнь 20, 2017 08:50

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ Ховар/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  19 июни соли равон  дар пойтахт  ба бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти нав заминагузорӣ кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нахуст Раиси шаҳр дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 6 -и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 1200  ҷойи нишаст санги асос гузошт.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 соли 1938 таъсис ёфта, бинои он куҳнаю фарсуда гардидааст.  Дар айни ҳол мактаб дорои 740 ҷойи нишаст буда, дар он дар ду баст 1241 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии «Тоҷикэлектромонтаж» сурат гирифта, лоиҳаи онро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» тарҳрезӣ кардаанд.

Дар ин рӯз ҳамчунин ба бунёди мактаби нав — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои 1200 нафар хонанда дар як баст замина гузошта шуд.   Лоиҳаи мактаби навро, ки аз 4 ошёна иборат аст, мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» тарҳрезӣ кардаанд. Сохтмони муассисаи нави таълимӣ аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии «Тоҷикгидромонтаж» бунёд мешавад.

САНГИ АСОС

Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ба бунёди бинои иловагии мактаб санги асос гузошт. Сохтмони бинои нави мактаби мазкур  барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов бунёд мегардад. Муассисаи таълимии №11 ҳанӯз соли 1933 барои 970 нафар хонандагон бунёд шуда, дар айни ҳол дар он 1731 хонанда таҳсил мекунад.  Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» анҷом дода шудааст.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи бинокоронро ба баланд бардоштани сифату самараи корҳои бунёдӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва боз ҳам беҳтару хубтар  муҳайё кардани шароити арзанда барои сокинон равона сохт.

Корҳои ободониву созандагӣ дар Душанбе идома дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ-маърифатиро вусъат бахшад.

САНГИ АСОС 3

 

 

Июнь 20, 2017 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд