Рустами Эмомалӣ роҳбарони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф сохт, ки таъмири мактабҳоро аз ҳисоби буҷет ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Сарраёсати маориф бо мақсади иҷрои супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди манъ намудани ҷамъоварии маблағ барои тармиму таъмири мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакон аз волидони хонандагон дар 23 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино бо падару модарон ва омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида, дар онҳо масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба иштирокдорони вохӯриҳо фаҳмонида шуд, ки тармиму таъмири мактабу кӯдакистонҳои пойтахт аз ҳисоби буҷа сурат гирифта, дар ин маврид ба ҷамъоварии маблағ, ки амали ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад, роҳ надиҳанд», — зикр кард муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ситора Бобохонова.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр хабар доданд, бо ирсоли як мактуби расмӣ Раиси шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намудааст, ки тармиму таъмири мактабҳо, кӯдакистонҳо ва боғчаҳои кӯдаконро тибқи қонунгузории ҷорӣ роҳандозӣ намуда, то 1 августи соли равон оид ба корҳои дар ин самт ба анҷомрасида ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот ирсол намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки солҳои пеш бо вуҷуди хилофи қонун будани ҷамъоварии маблағ аз волидони хонандагон барои тармиму таъмири муассисаҳои таълимӣ дар аксар таълимгоҳҳои пойтахт ҳолати мазкур ба мушоҳида мерасид. Омӯзгорони мактабу кӯдакистонҳо аз моҳҳои марту апрел ба маъракаи пулҷамъкунӣ шурӯъ намуда, дар давраи таътили тобистона корҳои тармиму таъмири муассисаҳои мазкурро ба роҳ мемонданд.
Ёддовар мешавем, ки супориши Раиси шаҳр дар мавриди қатъиян манъ намудани ҷамъоварии маблағ барои тармиму таъмири мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакон аз волидони хонандагон боиси қаноатмандии сокинони пойтахт гардида, ҳамовозии зиёд пайдо кард.
Замира Маҳмадова, як сокини маҳаллаи «Ховарон»-и пойтахт дар ин маврид баён дошт, ки аз шунидани ин хабар ниҳоят шод шудааст.
«Аз касе пӯшида нест, ки омӯзгорон маблағро барои таъмир ва дигар корҳо тавассути хонандагон аз волидони онҳо дастрас менамуданд, ки ба андешаи ман чандон дуруст нест. Ман фикр мекунам, ки ҳамин пулҷамъкуниҳо на танҳо мушкилоти молиро ба вуҷуд меоранд, балки дар муносибати байни омӯзгору шогирд як навъ рахна ё сардӣ ворид мекунанд. Зеро омӯзгор дар сурате дар назди шогирд муътабар аст, ки аз ӯ танҳо талаби дониш ва омӯзиш дошта бошад»,- афзуд З.Маҳмадова.
Шаҳло Хайриддинзода, сокини кӯчаи Саҳбои маҳаллаи Кӯҳдомани пойтахт зикр кард, ки «бо ин тадбири Раиси шаҳр мушкили волидони мактабиёни пойтахт осон мегардад. Зеро солҳост, ки ин масъала дар ВАО баррасӣ гардад ҳам, роҳи ҳалли худро намеёфт. Боиси хушнудист, ки ин масъала акнун ҳалли худро пурра пайдо хоҳад кард».








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






