Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд

Июнь 12, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017   сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз  12 июни соли равон сар карда, ба муомилот бароварда шуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сабикаҳои ченакии тиллои БМТ 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қимматбаҳои Лондон (LBMA) тайёр карда шудаанд.

Инчунин зикр гардид, ки сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад. Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ бояд ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд ва шахсони воқеӣ низ бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

«Нархи фурӯш ва нархи бозхариди сабикаҳои ченакӣ ҳамарӯза бо пули миллӣ барои ҳар як намуди сабикаи ченакӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб ва муқаррар карда шуда, аз 12 июни соли равон  дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад»-, зикр намуд манбаъ.

 

Июнь 12, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид