Сафирони кишварҳои гурӯҳи «Вишеград» ва Латвия аз шаҳри Истаравшан дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати сафирони кишварҳои гурӯҳи «Вишеград» (Полша, Венгрия, Словакия, Чехия) ва Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо истиқоматгоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд, меҳмонон аз маҷмааи ёдгорӣ — таърихии «Ҳазрати Шоҳ», аз ҷумла, аз манора, оромгоҳ, намозгоҳ, айвонҳои бо нақшу нигори миллӣ ороишёфта дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот доданд, ки оромгоҳи «Ҳазрати Шоҳ» дар асри VII ва намозгоҳи он дар асри IX сохта шуда, то ҳол таҳкурсии он маҳфуз аст.
Меҳмонон дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҳунаҳои мардумӣ» бо маҳсули дасти устодону донишҷӯён аз наздик шинос гардиданд. Диққати меҳмононро ҳунарҳои кандакорӣ, гулдӯзӣ, кордсозӣ, гаҷкорӣ ва мисгарӣ ба худ ҷалб намуд.
Ҳамчунин дар толори Коллеҷ аз ҷониби донишҷӯёни муассиса намоиши фарҳангӣ ва либосҳои миллӣ пешниҳод гардид.
Дар маҷмааи ёдгорӣ–таърихии «Савристон» меҳмонон бо дарахтони савр, ки ҳар кадоми он таърихи беш аз ҳазорсола дорад, аз низдик шинос гардиданд.
Инчунин меҳмонон аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр боздид ба амал оварда, нигораҳои таърихӣ, бозёфтҳои нодир, расму оинҳо ва либосҳои қадимии мардуми Истаравшани бостониро бо шавқ тамошо карданд.
Ҳайати меҳмонон ҳамчунин ба маҷмааи ёдгорӣ–таърихии «Сари мазор» ва Маркази фарҳангии «Ҳушанг» ташриф оварданд.
Дар маҷмааи ёдгорӣ – таърихии «Сари мазор» намозгоҳ, чиллахона, оромгоҳи бузургон ва чинорҳои 600 ва 800-соларо дида, доир ба таърихи ҳар яки онҳо маълумот гирифтанд.
Ҳунари кордсозӣ аз рӯи асарҳои таърихӣ, ки дар Маркази фарҳангии «Ҳушанг» ба намоиш гузошта шуда буд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз Обанбори «Каттасой» ва Осоишгоҳи «Авитсенаи Истаравшан» дидан намуда, бо имконоти инфрасохтори сайёҳию истироҳатии онҳо шинос гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки Обанбори «Каттасой» ва Осоишгоҳи «Авитсенаи Истаравшан» ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ мувофиқ буда, дар ҳама фасли сол истироҳату табобат дар онҳо имконпазир аст.
Дар охири сафар меҳмонон аз ҷараёни истеҳсол, коркард, басту банди обҳои ташнашикани ҶСП «Оби Зулол» дидан намуданд.
Меҳмонони хориҷӣ барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан изҳори сипос намуданд.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






