Сафирони кишварҳои гурӯҳи «Вишеград» ва Латвия аз шаҳри Истаравшан дидан намуданд

Июнь 7, 2017 16:45

ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Ҳайати сафирони кишварҳои гурӯҳи «Вишеград»  (Полша, Венгрия, Словакия, Чехия) ва Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо истиқоматгоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба шаҳри Истаравшан  ташриф оварданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд,  меҳмонон аз маҷмааи ёдгорӣ — таърихии «Ҳазрати Шоҳ», аз ҷумла, аз манора, оромгоҳ, намозгоҳ, айвонҳои бо нақшу нигори миллӣ ороишёфта дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот доданд, ки оромгоҳи «Ҳазрати Шоҳ» дар асри VII ва намозгоҳи он дар асри IX сохта шуда, то ҳол таҳкурсии он маҳфуз аст.

Меҳмонон дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҳунаҳои мардумӣ» бо маҳсули дасти устодону донишҷӯён аз наздик шинос гардиданд. Диққати меҳмононро ҳунарҳои кандакорӣ, гулдӯзӣ, кордсозӣ, гаҷкорӣ ва мисгарӣ ба худ ҷалб намуд.

Ҳамчунин дар толори Коллеҷ аз ҷониби донишҷӯёни муассиса намоиши фарҳангӣ ва либосҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Дар маҷмааи ёдгорӣ–таърихии «Савристон» меҳмонон бо дарахтони савр, ки ҳар кадоми он таърихи беш аз ҳазорсола дорад, аз низдик шинос гардиданд.

Инчунин меҳмонон аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр боздид ба амал оварда, нигораҳои таърихӣ, бозёфтҳои нодир, расму оинҳо ва либосҳои қадимии мардуми Истаравшани бостониро бо шавқ тамошо карданд.

Ҳайати меҳмонон ҳамчунин ба маҷмааи ёдгорӣ–таърихии «Сари мазор» ва Маркази фарҳангии «Ҳушанг» ташриф оварданд.

Дар маҷмааи ёдгорӣ – таърихии «Сари мазор» намозгоҳ, чиллахона, оромгоҳи бузургон ва чинорҳои 600 ва 800-соларо дида,  доир ба таърихи ҳар яки онҳо маълумот гирифтанд.

Ҳунари кордсозӣ аз рӯи асарҳои таърихӣ, ки дар Маркази фарҳангии «Ҳушанг» ба намоиш гузошта шуда буд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз Обанбори «Каттасой» ва Осоишгоҳи «Авитсенаи Истаравшан» дидан намуда, бо имконоти инфрасохтори сайёҳию истироҳатии онҳо шинос гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки  Обанбори «Каттасой» ва Осоишгоҳи «Авитсенаи Истаравшан» ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ мувофиқ буда, дар ҳама фасли сол истироҳату табобат дар онҳо имконпазир аст.

Дар охири сафар меҳмонон аз ҷараёни истеҳсол, коркард, басту банди обҳои ташнашикани ҶСП «Оби Зулол» дидан  намуданд.

Меҳмонони хориҷӣ барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан изҳори сипос намуданд.

Июнь 7, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид