Санҷиши низоми таҳсили хонандагон камбудиҳоро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳои пешгирикунанда ва санҷишҳои муштарак мегузаронанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми гузаронидани санҷиши навбатие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 11, 37, 50 ва 56-и пойтахт доир карда шуд, муайян гардид, ки дар соатҳои дарсӣ бархе хонандагон дар машғулиятҳо иштирок накарда, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд. Либосҳои мактабӣ ва намуди зоҳирии ин хонандагон низ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ба зикри манбаъ, санҷиши гузаронидашуда нишон дод, ки иштироки хонандагон дар дарсҳо фаъол набуда, ҳангоми мушоҳидаи рақами тартибии журнали синфӣ маълум гардид, ки дар ҳар синфхона 7-8-нафарӣ дар дарс иштирок надошта, дар баъзе синфхонаҳо бо вуҷуди оғоз шудани соати дарсӣ аз омӯзгорон дарак набуд.
«Масъулини соҳаи маориф, аз ҷумла маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки ҳангоми санҷишҳои кормандони милитсия камбудиҳояшон ошкор шуданд, зарур аст бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳарчи зудтар камбудиҳоро бартараф намуда, низоми муназзами таҳсили хонандагонро таъмин намоянд»,-иттилоъ дода шуд аз Вазорат.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






