«Саодати миллат дар Ваҳдат аст»-семинар бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 03.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита бо иштироки кормандон доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», таҷлили 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки имсол аз қабули он 10 сол сипарӣ гардид, семинари омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар семинар аз ҷониби масъулин доир ба мавзӯъҳои зикршуда муърӯзаю андешаҳои судманд пешниҳод шуданд. Иштирокдорон зимни шунидани маърӯза дар мавзӯи «Саодати миллат дар Ваҳдат аст» оид ба дастовардҳои мардуми тоҷик дар тӯли 20 соли Ваҳдати миллӣ ҳарф заданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






