Сарҳадбонони Тоҷикистон кӯшиши интиқол додани маводи мухаддирро пешгирӣ карданд

Июнь 10, 2017 09:57

ДУШАНБЕ, 10.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 8-ум ба 9-уми июн хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Шӯрообод» Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ҳангоми ҳимояи хати сарҳади давлатӣ кӯшиши ба ҳудуди Тоҷикистон ворид кардани маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.
Мувофиқи суханони М. Улуғхоҷаев, «Дар вақти пешбурди хизмати наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» миёни сарҳадбонон ва гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълум ҳангоми убури ғайриқонунии хати сарҳади давлатӣ задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад».
«Қочоқчиёни афғон ба муқовимати қатъӣ ва чусту чолоконаи cарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, тариқи қамишзор ба самти Афғонистон баргаштанд», — таъкид кард М. Улуғхоҷаев ва гуфт: «Ҳангоми аз назар гузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 15 кг маводи мухаддири навъи бангдона, як адад яроқи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд».
Тавре АМИТ «Ховар» муайян намуд, вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз карда шудааст.

Июнь 10, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст