Сарҳади Тоҷикистон–сипаре баҳри ҳифзи амнияти кишварҳои узви СПАД

Июнь 5, 2017 12:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби доштани 1400 км сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хатти аввали муқовимат бо хатарҳои террористӣ дар марзҳои ҷанубии кишварҳои узви Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СПАД) қарор дорад. Роҳбарияти созмони террористии ДИИШ замоне, ки дар Сурия ва Ироқ аз мавқеи устувор бархӯрдор буд, ба густариши нуфузу таъсири худ дар Афғонистон шурӯъ карда буд. Ҷанговарони ДИИШ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон ба сарбозони афғон ва воҳидҳои низомии хориҷӣ ҳамла менамуданд. Нахустин ҳалқаҳои гурўҳи ДИИШ дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон ба вуҷуд оварда шуданд. Ин гурўҳ дар ду соли пеш ба ҳадде фаъол гардид, ки дар вилояти Нангарҳори Афғонистон пойгоҳи мустаҳкам ба вуҷуд овард ва ҳатто пахши барномаҳои радиоии худро ба роҳ андохт. Маҳалли пахши барномаҳои ин радио, ки бо номи «Садои Хилофат» бо забонҳои пашту, дарӣ ва ӯзбекӣ барнома нашр мекунад, чанд бор аз сўи неруҳои амрикоӣ ва афғон бомбаборон шуд, аммо бино ба гуфтаи сокинони минтақа то ҳанӯз  фаъол мебошад. Фаъолияти ин радио далели то кадом андоза нуфуз пайдо намудани гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин минтақаи Афғонистон аст. Дар робита ба вазъи имрӯзаи ин кишвар ва хатари ДИИШ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корманди Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззат Саримсоқов ҳамсуҳбат шуд.

Ба гуфтаи Иззат Саримсоқов, ахиран қароргоҳҳои зеризаминии гурўҳи ДИИШ дар ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор аз тарафи неруҳои ҳавоии ИМА бомбаборон карда шуд ва Амрико қавитарин бомбаи ғайриядроӣ (ба истилоҳ «модари ҳамаи бомбаҳо»)-ро дар ин амалиёт истифода кард, ки дар натиҷаи он бештар аз 90 нафар, аз ҷумла якчанд роҳбарони ДИИШ дар Афғонистон кушта шуданд. Истифода аз ин бомба аз сўи ИМА дар минтақаи мазкур бар зидди ДИИШ баёнгари хатари зиёд доштани   ин созмони террористӣ дар қаламрави Афғонистон мебошад. Гурўҳи террористии ДИИШ чандин куштор ва амалҳои террористиро дар қаламрави Афғонистон ба уҳда гирифтааст. Нахустин амали террористии даҳшатнок ва пурқурбоние, ки ДИИШ ба уҳда гирифт, ин ҳамла ба намоиши «Ҷунбиши рўшноӣ» буд, ки бар асари он дар минтақаи Деҳмазанги Кобул 200 нафар кушта ва 300 нафар маҷрӯҳ шуданд. «Омадани ҷангиёни ташкилоти террористии ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба қаламрави Афғонистон дар шароите, ки гурӯҳи Толибон бештар аз гузашта дар дохили кишвар фаъол шудааст, вазъияти нобасомони кунуниро боз ҳам мураккабтар месозад ва хатарҳои эҳтимолии кӯшиши воридшавии аъзои ин гурӯҳҳо ба кишварҳои Осиёи Миёнаро бештар мекунад. Бо назардошти он, ки дар ҳайати ҳаракати Толибон ва ДИИШ шумораи муайяни шаҳрвандони Осиёи Миёна мавҷуданд, онҳо метавонанд дар тезутунд намудани вазъият дар ин минтақа таъсиргузор бошанд. Ва ба бовари таҳлилгарон, маҳз ҳамин унсурҳо, яъне зодагони кишварҳои Осиёи Миёна дар сафҳои гурӯҳҳои террористӣ манфиатдори тезутунд намудани авзоъ дар минтақаи Осиёи Миёна мебошанд ва барои ин талош хоҳанд кард»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Моҳи апрели соли 2016 намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба Афғонистон Замир Кобулов зикр карда буд, ки шумораи ҷангиёни «қаноти афғонии» ДИИШ ё тавре гуфта мешавад, «вилояти Хуросон»-и ДИИШ ҳудуди 12 ҳазорро ташкил медиҳанд ва ин ҷангиён аз шумори шаҳрвандони Осиёи Миёна ва Русия дар урдугоҳҳои қаламрави ҶИА барои мубориза бар зидди кишварҳои минтақа омода мешаванд.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша дар бораи хатарҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористии муқими Афғонистон таҳдид мекунанд, ёдовар шуда, ба ҳалли ҳарчи зудтари қазияи ин кишвар таъкид кардаанд. Дар ин суханрониҳо ба вазъияти мураккаби ҳарбӣ — сиёсӣ дар Афғонистон, таҳдиду хатарҳое, ки барои сарҳадҳои ҷанубии кишварҳои узви СПАД ва ба амнияту суботи минтақа хатарзо мебошанд, таъкид шудааст. Аз тарафи Сарвари давлати Тоҷикистон муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ махсусан қайд карда шуда, таъкид карда шудааст, ки Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба мавқеи яксони худ дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳурот қарор дорад ва тамоми қарордодҳоеро, ки дар доираи СПАД ба даст омадаанд, дастгирӣ мекунад»,- зикр намуд Иззат Саримсоқов.

Бо фаро расидани баҳор ва мусоид шудани ҳаво барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракти Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ амалиёти тахрибкоронаи худро дар шаҳрҳои калони Афғонистон ба роҳ андохтаанд. Чанде пеш дар ҳамлаи гурӯҳи террористӣ ба қароргоҳи корпуси 209 артиши Афғонистон дар Мазори Шариф ҳудуди 200 нафар сарбози артиш ва афроди ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ба андешаи Иззат Саримсоқов, ҳукуматдорони афғон низ хатарзо будани болоравии таъсири гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар қаламрави кишвар тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ дар конфронси байналмилалӣ оид ба амният дар Шарқи Наздик, ки дар Манама баргузор гардид, гуфт, ки гурӯҳҳои ДИИШ дар Афғонистон он қадар сершумор нестанд ва аз худ як гурӯҳеро ба намоиш мегузоранд, ки бо Толибон дар мубориза мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, мо бояд ин таҳдидро хеле ҷиддӣ қабул намоем.

Бино ба суханони вазири корҳои хориҷии Афғонистон, айни замон кувваҳое, ки худро «Давлати Исломӣ» ном мебаранд, кӯшиш доранд дар минтақаҳои муайяни шарқӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ-ғарбии Афғонистон ҷойгир шуда, ҷангиёни навро аз вилоятҳои бо Покистон ҳамсарҳади Кунар ва Нангарҳор, инчунин Ғазнӣ, Ҳелманд ва Фароҳ ба сафи худ шомил намоянд. Ҳуҷуми моҳи сентябри Толибон ба вилояти марзии Қундуз дар шимоли мамлакат бо дастгирии ҷангиёни ДИ амалӣ шудааст. Дар бисёр вилоятҳо байни толибон ва собиқ аъзои он, ки ба сафи ДИ пайвастаанд, задухӯрдҳо ба амал меояд. Вале дар шимоли ҶИА толибон бо ифротиёни ҲИУ, ки зери номи ДИ фаъолият мекунанд, ҳамкорӣ доранд»,-иброз намуд И. Саримсоқов.

Ба андешаи ӯ, аз тарафи роҳбарони давлатҳои аъзои СПАД таъкид кардани таҳдидҳо аз ҷониби ташкилотҳои террористии муқими ҶИА ба кишварҳои минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки ин масъала имрӯз аҳамияти муҳими худро гум накарда, балки рўз аз рўз муҳимтар мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «то замоне, ки идеологияи ифротӣ дар мафкураи гурӯҳе аз шаҳрвандони гумроҳшудаи Осиёи Миёна ҷой дорад ва ин афрод дар ҷомеаи кишварҳои мазкур мавҷуданду омодаи амалӣ намудани мақсадҳои хатарноку ғаразноки худ мебошанд, таҳдидҳо ба амнияти ҳамаи кишварҳои минтақа боқӣ хоҳад монд. Зеро терроризм миллат, ватан ва дин надорад. Танҳо дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва боварибахш байни давлатҳо метавон ин хатарҳоро бартараф сохт ва аз онҳо ҷилавгирӣ намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН

 

Июнь 5, 2017 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад