«Шафақ» дар Бадахшон аз нав эҳё гардид

Июнь 8, 2017 11:37

ХОРУҒ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ Бозии ҳарбӣ-ватандӯстонаи «Шафақ» баргузор шуд, ки дар он дастаҳо аз ҳамаи мактабҳои шаҳр ширкат варзиданд. Дар ифтитоҳи расмии бозӣ муовини раиси шаҳр Муслима Авзалшоева, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ҳузур доштанд.

Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ панҷ сол пеш бозиҳои «Шафақ» ва «Уқобча» байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нав роҳандозӣ шуданд. Муовини раиси шаҳри Хоруғ Муслима Авзалшоева гуфт, ки «чунин маҳфилу бозиҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию қадр кардани арзишҳои миллӣ ва ба хизмати ватан омода кардани наврасону ҷавонон аҳамияти хоса доранд. Зеро ватанро шахсе дӯст дошта метавонад, ки агар дар ниҳоди худ нисбат ба он меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад. Ин муҳаббатро аз хурдсолӣ дар дили кӯдакон ҷой кардан лозим аст». Муовини раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда иштирокчиёни имрӯзаи ин бозӣ ҳаёти худро ба касби низомӣ ё интизомӣ бахшида, дар ҳифзи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва дифоъ аз марзу буми ватан  саҳми арзишманд мегузоранд.

Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров изҳор дошт, ки «бозии Шафақ дар замони шӯравӣ яке аз бозиҳои шавқовар ва дӯстдоштаи писарону духтарон ба ҳисоб мерафт ва теъдоди иштирокдорони он ҳамеша аз 100 нафар  бештар буд. Кӯдакону наврасон бо кумаки омӯзгорон барои ба даст овардани пирӯзӣ аз субҳ то шом тамрин мекарданд. Барои беҳтар шинос шудан бо бозиҳои ҳарбӣ ба қисмҳои низомӣ мерафтанд. Тарзи сафороӣ, шеваи додани фармон аз сӯи афсарон ва иҷрои он аз тарафи сарбозон, муомила бо силоҳи оташфишон ва амсоли инҳоро аз наздик мушоҳида менамуданд».

Дар бозӣ хонандагон аз  намудҳои тирпарронӣ, ҷудо ва пайваст кардани автомати Калашников, ба рӯй кашидани ниқоби газӣ, давидан дар масофаҳои гуногун байни ҳам сабқат намуданд. Аъзои комиссия ба тарзи либоспӯшӣ, ҳаракат дар саф, матни суруд, маҳорат дар иҷрои бозиҳои варзишӣ- ҳарбӣ баҳогузорӣ намуданд.

Хонандагони литсеи Оғохон мақоми аввал ва ҷоми сайёрро соҳиб шуданд. Ҷои дуюм насиби хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 9 гардид. Хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами ҳаштум  ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибон бо ифтихорномаи Ташкилоти ҷамиятии мададгори мудофиаи вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гаштанд.

Шафақ_ боз аз нав эҳё шуд _1

Июнь 8, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд