«Шафақ» дар Бадахшон аз нав эҳё гардид
ХОРУҒ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ Бозии ҳарбӣ-ватандӯстонаи «Шафақ» баргузор шуд, ки дар он дастаҳо аз ҳамаи мактабҳои шаҳр ширкат варзиданд. Дар ифтитоҳи расмии бозӣ муовини раиси шаҳр Муслима Авзалшоева, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ҳузур доштанд.
Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ панҷ сол пеш бозиҳои «Шафақ» ва «Уқобча» байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нав роҳандозӣ шуданд. Муовини раиси шаҳри Хоруғ Муслима Авзалшоева гуфт, ки «чунин маҳфилу бозиҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию қадр кардани арзишҳои миллӣ ва ба хизмати ватан омода кардани наврасону ҷавонон аҳамияти хоса доранд. Зеро ватанро шахсе дӯст дошта метавонад, ки агар дар ниҳоди худ нисбат ба он меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад. Ин муҳаббатро аз хурдсолӣ дар дили кӯдакон ҷой кардан лозим аст». Муовини раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда иштирокчиёни имрӯзаи ин бозӣ ҳаёти худро ба касби низомӣ ё интизомӣ бахшида, дар ҳифзи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва дифоъ аз марзу буми ватан саҳми арзишманд мегузоранд.
Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров изҳор дошт, ки «бозии Шафақ дар замони шӯравӣ яке аз бозиҳои шавқовар ва дӯстдоштаи писарону духтарон ба ҳисоб мерафт ва теъдоди иштирокдорони он ҳамеша аз 100 нафар бештар буд. Кӯдакону наврасон бо кумаки омӯзгорон барои ба даст овардани пирӯзӣ аз субҳ то шом тамрин мекарданд. Барои беҳтар шинос шудан бо бозиҳои ҳарбӣ ба қисмҳои низомӣ мерафтанд. Тарзи сафороӣ, шеваи додани фармон аз сӯи афсарон ва иҷрои он аз тарафи сарбозон, муомила бо силоҳи оташфишон ва амсоли инҳоро аз наздик мушоҳида менамуданд».
Дар бозӣ хонандагон аз намудҳои тирпарронӣ, ҷудо ва пайваст кардани автомати Калашников, ба рӯй кашидани ниқоби газӣ, давидан дар масофаҳои гуногун байни ҳам сабқат намуданд. Аъзои комиссия ба тарзи либоспӯшӣ, ҳаракат дар саф, матни суруд, маҳорат дар иҷрои бозиҳои варзишӣ- ҳарбӣ баҳогузорӣ намуданд.
Хонандагони литсеи Оғохон мақоми аввал ва ҷоми сайёрро соҳиб шуданд. Ҷои дуюм насиби хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 9 гардид. Хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами ҳаштум ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаи Ташкилоти ҷамиятии мададгори мудофиаи вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гаштанд.









Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






