Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонии заводи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол

Июнь 2, 2017 17:18

ХУҶАНД, 02.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи азими саноатӣ–Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол  дидан намуд.

Чуноне  ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  иттилоъ доданд, зимни сафар Сарвазири ҷумҳуриро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб дар як сол буда, корҳои сохтмонии ин корхона соли 2016 оғоз ёфтаанд. То имрӯз 90 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, масъалаи воридот ва васлу насби хатҳои истеҳсолӣ мавриди ҳал қарор дорад. Масоҳати умумии ҳудуди корхона беш аз 70 гектарро ташкил дода, он ба ҷуз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, инчунин аз бинои маъмурӣ, хобгоҳ барои коргарон, ошхона ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ иборат хоҳад шуд. Дар сурати фаъол шудани корхонаи мазкур дар навбати аввал қариб 600 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд, ки аксаран коргарони маҳаллӣ хоҳанд буд.

Барои истеҳсоли сурб асосан ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла ангишт ва оҳак истифода мешавад. Айни ҳол 80 нафар мутахассисон дар сохтмони корхонаи металлургӣ ширкат варзида, барои сохтмону таҷҳизонидани он то имрӯз 35 млн. доллари амрикоӣ сарф гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни боздид сифати корҳои сохтмониро аз назар гузаронида, бо ҷараёни хатти технологӣ шинос шуд. Мавсуф ба масъулини корхона дастур дод, то суръати корҳои сохтмониро тезонида, баробар бо ин корҳои ободонию сабзазоркунии саҳну атроф ва таъмири роҳҳои ҳудуди корхонаро вусъат бахшанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки комбинати металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, он бо усулҳои замонавии истеҳсолот бунёд гардида, дар он ба истифодаи технологияи баландсифат, сарфаи неруи барқ, бехатарии экологӣ, идоракунии автоматӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонии заводи металурги дар шаҳри Истиқлол _3 Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонии заводи металурги дар шаҳри Истиқлол _2

 

 

Июнь 2, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид