Ширкати «Помир Энерҷӣ» соҳиби Ҷоизаи байналмилалии « Ashden Awards» гардид
ХОРУҒ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Помир Энерҷӣ» барои зиёд намудани дастрасӣ ба қувваи барқ дар соли 2017 ва барои таъминоти қариб 220,000 нафар одамон дар Тоҷикистон ва беш аз 35,000 нафар сокинони вилояти Бадашони Афғонистон, инчунин бисёр корхонаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ бо қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Британияи Кабир дар соҳаи энергияи устувор — «Аshden Awards» гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилоотии ин ширкат хабар дода, афзуданд, ки ғолибони ин озмуни байналмилалӣ соҳиби мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 000 фунт- стерлинг, инчунин соҳиби бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои васеъкунии фаъолияти худ мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки аз соли 2002 то кунун яке аз нахустин намунаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ — «Помир Энерҷӣ» 11 адад неругоҳҳои барқи обии хурдро барқарор ва беш аз 4,300 км хатҳои интиқоли барқ ва воситаҳои тақсимотиро навсозӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






