Содироти беш аз 240 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ тавассути муассисаи «Роҳи оҳани Суғд»
ХУҶАНД, 02.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкорону ташкилотҳои мухталифи вилояти Суғд зиёд гардидааст.
Мутобиқ ба иттилои масъулини бахши суғдии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, то 30 майи соли равон аз ҷониби роҳи оҳани вилояти Суғд ба давлатҳои ИДМ беш аз 240 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст.
Аз ҷумла, аз тариқи роҳи оҳани вилоят маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз аз ноҳияҳои ҷануби кишвар, чун Қумсангир, Қубодиён ва Турсунзода ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон дар ҳаҷми 238 ҳазору 882,7 тонна, зардолу аз ноҳияи Ашт ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба андозаи 1001 тонна ва гелос аз ноҳияи Ашт ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба миқдори 4,5 тонна содирот гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






