Сокини шаҳри Норак бо гумони интиқоли ғайриқонунии тангаҳои таърихӣ дастгир шуд

Июнь 1, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти марди 39-солаи сокини шаҳри Норак, ки мехост 14 адад тангаҳои гуногуни дорои қиммати таърихиву фарҳангиро ба Москва интиқол диҳад, хабар медиҳад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, хатсайри «Душанбе-Москва» аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт марди 39-солаи сокини шаҳри Норак дастгир карда шуд.

Тавре аз ВКД ҶТ хабар доданд, дар вақти санҷиши бағоҷи гумонбаршуда аз ӯ 14 адад тангаҳои гуногун ва як адад нишони сарисинагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ тангаҳои мусодирашуда дорои қиммати таърихиву фарҳангӣ-нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба берун манъ карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

Июнь 1, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд