Сокинони кишварро дар рӯзҳои истироҳатӣ тундбод ва боридани борону жола интизор аст

Июнь 23, 2017 08:15

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шурӯъ аз 24 то 25 июн дар кишвар ҳавои ноустувор, тундбод ва боридани борону жола ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе ноҳияҳо боридани борон ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят ҳарорати ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ин вилоят бошад, шабона то 5 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 23-28 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шуда, гармии ҳарорати ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона ба 35-37 дараҷа мерасад. Дар Душанбе гармии ҳарорати ҳаво дар рӯзи 24 аз 41 дараҷа якбора ба 35 мерасад.

Дар айни ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонон даъват мекунад, ки тайи ин рӯзҳо ҳангоми баромадан ба кӯча, мондани мошин дар таваққуфгоҳҳо ва гузаштан аз зери хатҳои барқ ва дарахтон эҳтиёткор бошанд.

Июнь 23, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид