Сокинони кишварро дар рӯзҳои истироҳатӣ тундбод ва боридани борону жола интизор аст
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шурӯъ аз 24 то 25 июн дар кишвар ҳавои ноустувор, тундбод ва боридани борону жола ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.
Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе ноҳияҳо боридани борон ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят ҳарорати ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ин вилоят бошад, шабона то 5 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 23-28 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шуда, гармии ҳарорати ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона ба 35-37 дараҷа мерасад. Дар Душанбе гармии ҳарорати ҳаво дар рӯзи 24 аз 41 дараҷа якбора ба 35 мерасад.
Дар айни ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонон даъват мекунад, ки тайи ин рӯзҳо ҳангоми баромадан ба кӯча, мондани мошин дар таваққуфгоҳҳо ва гузаштан аз зери хатҳои барқ ва дарахтон эҳтиёткор бошанд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






