Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
ТОҶИКОБОД, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ, ки зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дода буданд, корҳои сохтмонии хатҳои оби нӯшокии деҳаи Файзбори ҷамоати деҳоти Нушор дар масофаи 12 километр бо маблағи 684 ҳазор 800 сомонӣ ва деҳаҳои Кӯҳдоман ва Себистони ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Шоҳ Гадоев, деҳаҳои Қалъа ва Фатҳободи ҷамоати деҳоти Лаби об дар масофаи 2300 метр, деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Ширинчашма дар масофаи 6000 метр бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ идома дошта, як қисми онҳо дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Раиси дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Тоир Устоев иброз намуд, ки қисми зиёди корҳои сохтмонии хатҳои оби нӯшокӣ тариқи ҳашари сокинон ҷараён дошта, дар рафти корҳои сохтмонӣ ҳолатҳои гузаронидани зимистони тӯлонии минақа ба назар гирифта мешаванд.









Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






