Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни мактабҳо ва муассисаҳои миёнаи касбии пойтахт стипендия таъсис дод
ДУШАНБЕ, 26.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Қарори мазкур бо мақсади иҷрои банди 4 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2017, №134 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017» ба тасвиб расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таъсис дода шудааст.
Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси озмун аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъин карда мешаванд.
Довталабони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:
— рафтори намунавӣ ва эҳтироми хоса дар байниҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гуруҳ ва директори муассисаи таълимӣ);
— аъзои фаъоли созмонҳои хонандагӣ, ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бошанд;
— бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ бояд тасдиқ шуда бошад;
— дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд;
— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошад, зеро миёни барандаи стипендия ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе шартномаи алоқаманд ба имзо расонида мешавад.








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






