Суғд: беш аз 52 фоизи нақшаи ҷамъоварии пилласупорӣ иҷро гардид
ХУҶАНД, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар 12 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ мегирад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд, ки бо риоя намудани қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак дурнаморо сари вақт иҷро намоянд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини идораи «Пилла»-и Суғд иттилоъ доданд, шурӯъ аз 17 май инҷониб дар вилоят маъракаи пилласупорӣ ҷараён дошта, то 11 июн дар зинаи аввали маъракаи пилласупорӣ кирмакпарварони ноҳияи Конибодом қарор дошта, то ин сана ба хирмани давлат 440 тонна пилла супориданд, ки он ба 60,2%-и нақша баробар аст.
Дар зинаҳои дуюм ва сеюм пиллапарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нишондоди 95,2 тонна ё 58,8% ва ноҳияи Спитамен бо андозаи 64,5 тонна ё 52,4% қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, соли равон кирмакпарварони вилоят парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд, ки ин нишондод то 11 июн ба 345 тонна ё 52,4 фоизи нақшаи умумӣ баробар аст.
Ҳамчунин имрӯзҳо дар панҷ ноҳияи иқлимашон нисбатан хунуктар-Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Деваштич ва Истаравшан низ ба ҷамъоварии пилла оғоз намудаанд.








Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд






