«Сулҳу ваҳдат-бақои миллат» — силсилаконференсияҳои илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Июнь 5, 2017 16:25

ВАҲДАТ,  05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи  ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Сокинони шаҳри Ваҳдат баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ   корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат мебахшанд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Масъулини  Раёсати манзили  коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат  иброз намуданд, ки  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ  ва тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр 74 нафар рӯбанда фаъолияти мунтазам дошта, рӯзе 296 ҳазор  метри мураббаъ роҳ ва хиёбонҳоро  рӯфта, тоза мекунанд. Инчунин   дар маркази ноҳия 200 бех ниҳоли ороишӣ ва дар гулгаштҳо зиёда аз  14 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 30 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. То имрӯз  маркази ноҳияро бо зиёда аз 800 адад шиору овезаҳои тарғибкунанда зиннат дода, 2500 метр ҷӯйборҳоро аз партоб тоза намудаанд.

Сардори Раёсати манзили  коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат   Илҳомиддин  Расулов гуфт, ки  дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  барои фахмонидани моҳияти ин ҷашни таърихӣ  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ноҳия  дар мавзӯъҳои «Ваҳдат- асоси пойдории кишвари соҳибистиқлол» ва  «Сулҳу ваҳдат-бақои миллат»  силсилаконференсияҳои илмӣ-адабӣ доир гардида истодаанд. Инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр бо иштироки гурӯҳҳои тарғиботӣ, фаъолону донишмандон баҳри фаҳмонидани мазмуну муҳтавои ҷашни Ваҳдати миллӣ вохӯриҳои судманд баргузор мегарданд.

 

Июнь 5, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд