«Сулҳу ваҳдат-бақои миллат» — силсилаконференсияҳои илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТ, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Сокинони шаҳри Ваҳдат баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат мебахшанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Масъулини Раёсати манзили коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат иброз намуданд, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр 74 нафар рӯбанда фаъолияти мунтазам дошта, рӯзе 296 ҳазор метри мураббаъ роҳ ва хиёбонҳоро рӯфта, тоза мекунанд. Инчунин дар маркази ноҳия 200 бех ниҳоли ороишӣ ва дар гулгаштҳо зиёда аз 14 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 30 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. То имрӯз маркази ноҳияро бо зиёда аз 800 адад шиору овезаҳои тарғибкунанда зиннат дода, 2500 метр ҷӯйборҳоро аз партоб тоза намудаанд.
Сардори Раёсати манзили коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат Илҳомиддин Расулов гуфт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои фахмонидани моҳияти ин ҷашни таърихӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ноҳия дар мавзӯъҳои «Ваҳдат- асоси пойдории кишвари соҳибистиқлол» ва «Сулҳу ваҳдат-бақои миллат» силсилаконференсияҳои илмӣ-адабӣ доир гардида истодаанд. Инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр бо иштироки гурӯҳҳои тарғиботӣ, фаъолону донишмандон баҳри фаҳмонидани мазмуну муҳтавои ҷашни Ваҳдати миллӣ вохӯриҳои судманд баргузор мегарданд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






