Таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Июнь 22, 2017 12:03

«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Талошҳои роҳбари давлатамон  дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ  ва Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешона, садоқат ва сулҳхоҳии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар сарзаминамон  — Тоҷикистон сулҳу субот, амният ва ризоияти миллию ваҳдат таъмин гардад», -чунин гуфт, зимни конференсияи 5-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/,  муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии  кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов.

фурудгохТибқи иттилои котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова,  конференсия ба ифтихори 20-умин солгарди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июн таҷлил мегардад, гузаронида шуда, дар он олимону, таърихшиносон  ва намояндагони бархе аз вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия донишмандони шинохта Кароматулло Олимов,  Мавлон Мухторов  ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулмаҳмадзода доир ба аҳамияти  санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва таърихӣ –Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи  сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ  ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ҳифзи сулҳу амнияти кишвар  ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқадаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Аз ин рӯ,  ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ  бирасем ва  онро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз намоем, зеро сулҳу субот барои ҳар як кишвар, хусусан барои миллати тоҷик, ки рӯзҳои мудҳишро паси сар намудааст, неъмат ва дастоварди бузургу сарнавиштсоз аст.

Июнь 22, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд