Таҷлили Ҷашни Ваҳдати тоҷикон дар Федератсияи Россия
ДУШАНБЕ, 26.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои миллатамон ба шумор меравад, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, дар асоси он дар ҳамкорӣ бо Сафорат, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Россия силсилаи вохӯрию мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию маърифатиро ташкил ва баргузор менамояд. Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов -котиби матбуоти намояндагӣ иттилоъ дод.
Дар яке аз вохӯриҳо, ки дар маркази савдои «Москва»-и пойтахти Федератсияи Россия доир шуд, дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан рафт. Зикр гардид, ки маҳз сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, ки миллати тоҷик ба он бо нархи гарон муяссар шудааст, заминаи асосии рушду инкишофи давлати мо ба шумор меравад. Дар ин давра миллати тоҷик, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро паси сар намуда, ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати тоҷикон, ба сифати субъекти мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҷойгоҳи худро дар муносибатҳои байналмиллалӣ муайян сохт.
Дар ҷамъомаде, ки бо ибтикори Намояндагӣ ва Ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск «Дружба» ба муносибати 20-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, роҳбарон ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии минтақа ширкат намуданд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Новосибирск зимни суханронияш иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо ҳамаи ҳамватанонро, ки имрӯз дар минтақа кору зиндагӣ мекунанд, табрик намуда, Ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои муҳим барои миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки ин ҷашни фархунда, ки бо ташаббус ва ибтикори фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, бояд аз ҷониби ҳар як фарди ватандӯст бо шукргузорӣ қадрдонӣ шавад ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз он ки дар куҷо кору зиндагӣ мекунад, бояд дар таҳкими арзишҳои он саҳмгузор бошад.
Иштирокдорони ҷамъомад аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, омодагии худро бобати саҳмгирӣ дар таҳкими минбаъади ваҳдату ягонагӣ ва рушду тараққиёти кишвар изҳор намуданд.
Чорабиниҳо бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Хабаровск, Владимир, Твер ва ғайра низ доир мегарданд.
27 июн дар шаҳри Москва ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар бо ширкати намояндагиҳои расмӣ, олимону коршиносони хориҷӣ, аҳли зиёи тоҷикони бурунмарзии муқими Россия, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва намояндагони ВАО баргузор мешавад. Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират гузаронида хоҳад шуд.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






