Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбудии ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Аҳорун»- шаҳри Душанбе барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» ҷараён дорад. Ин барнома тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 майи соли 2017 «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе» роҳандозӣ гардид.
Дар барномаи фарҳангии мазкур, ки кӯдакону наврасони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе иштирок доранд, ансамбли рақсии «Ғунчаҳои пойтахт»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, таълимгирандагони маҳфилҳои «Овозхонии эстрадӣ», «Рақс», «Асбобҳои зарбӣ» ва «Гитарнавозӣ»-и Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва таълимгирандагони мактаби мусиқии ба номи А. Аминзода бо сурудҳои ватандӯстона ҳунарнамоӣ мекунанд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мактабҳои шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин рӯз манзури кӯдакону наврасон гардонида мешаванд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






