Таъмини аҳолии ноҳияҳои дурдаст бо дастгоҳи нави тиббии ИЭГ
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бахши кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхиси бемории асаб- эпилепсия дастгоҳи нави ИЭГ ворид карда шуд, ки сокинони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Н. Хусрав метавонанд аз он истифода намоянд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, дар ноҳияи Қубодиён инчунин шуъбаи бемориҳои дили беморхонаи марказии ноҳия таъмир гардид, ки барои бистарикунонии беморони дилу фишорбаландӣ ва хизматрасони тиббии босифат ба шаҳрвандони ноҳия шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни ҳол бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар деҳаҳои К.Маркс ва Андрееви ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар деҳаҳои «Дӯстӣ» ва «Қулобод»-и ноҳияи Ёвон сохтмони марказҳои саломатии деҳот бо маблағи 2 миллиону 400 сомонӣ барои ҳар кадом ноҳия идома дорад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






