«Танзим–асоси пойдорию мустаҳкамӣ ва ба манфиати рӯзгори оилаҳо»- баргузории ҳамоиш дар ноҳияи Деваштич
ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар толори хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич бахшида ба 10 солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Танзим – асоси пойдорию мустаҳкамӣ ва ба манфиати рӯзгори оилаҳо» баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар ҳамоиш Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода дар маърӯзааш, аз натиҷаҳои мусбиву манфиатбахш ёдовар шуда, доир ба аҳамияти қонун ҷиҳати ободию пойдории рӯзгори мардум таъкид намуд.
Ҳамзамон, Бобур Абдуллоев мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо оид ба мазмуну моҳияти қонун ва натиҷаҳо дар тӯли даҳ сол ёдрас намуда, зикр дошт, ки «расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро то ба низом надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






