«Таъсири равандҳои динӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҷавонон»-мизи мудаввар дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе зери унвони «Таъсири равандҳои динӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҷавонон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар ба Соли ҷавонон бахшида шуда, онро Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.
Дар қисмати аввали кори ҳамоиши илмӣ гузоришҳо дар мавзӯъҳои «Дин ва дунявият: баъзе мушкилоти таъриф ва татбиқ», «Нақши ҷавонон дар таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирии динӣ ва мазҳабӣ», «Таъсири таблиғоти ифротӣ ба ташаккули тафаккури муҳоҷирон», «Омилҳои берунии таъсиррасонӣ ба ифротишавии ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар рушди илм» ва «Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ» шунида шуданд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо қисмати саволу ҷавоб ва музокираҳо оғоз гардид. Дар рафти он иштирокунандагон вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида аз маърӯзачиён шарҳу тавзеҳи зиёдтари мавзӯъҳои доғи рӯзро дархост намуданд ва коршиносон низ дар навбати худ ба саволҳои пешниҳодшуда бо далелҳо посух доданд.
Дар ҷараёнимуҳокимаҳо намояндагони вазорату идораҳо ва ниҳодҳои илмӣ мулоҳизаҳои худро иброз намуданд. Хусусан мавзӯи ташаккули ҳувияти миллӣ дар миёни муҳоҷирон ва масъалаи гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар муҳоҷират мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт ва иштирокчиён зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирон дастгирӣ намуданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






