«Таъсири равандҳои динӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҷавонон»-мизи мудаввар дар Душанбе

Июнь 30, 2017 08:32

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе зери унвони «Таъсири равандҳои динӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҷавонон» мизи мудаввар баргузор  гардид.

Мизи мудаввар ба Соли ҷавонон бахшида шуда, онро Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ намуд.

Дар қисмати аввали кори ҳамоиши илмӣ  гузоришҳо дар мавзӯъҳои «Дин ва дунявият: баъзе мушкилоти таъриф ва татбиқ», «Нақши ҷавонон дар таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирии динӣ ва мазҳабӣ», «Таъсири таблиғоти ифротӣ ба ташаккули тафаккури муҳоҷирон», «Омилҳои берунии таъсиррасонӣ ба ифротишавии ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар рушди илм» ва «Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ» шунида шуданд.

Баъди шунидани маърӯзаҳо қисмати саволу ҷавоб ва музокираҳо оғоз гардид. Дар рафти он иштирокунандагон вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида аз маърӯзачиён шарҳу тавзеҳи зиёдтари мавзӯъҳои доғи рӯзро дархост намуданд ва коршиносон низ дар навбати худ ба саволҳои пешниҳодшуда бо далелҳо посух доданд.

Дар ҷараёнимуҳокимаҳо намояндагони вазорату идораҳо ва ниҳодҳои илмӣ мулоҳизаҳои худро иброз намуданд. Хусусан мавзӯи ташаккули ҳувияти миллӣ дар миёни муҳоҷирон ва масъалаи гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар муҳоҷират мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт ва иштирокчиён зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирон дастгирӣ намуданд.

 

 

Июнь 30, 2017 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид