Тавсеаи ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистону Афғонистон

Июнь 30, 2017 08:45

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе зимни вохӯрии  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуфатоҳи Ғоиб ва  Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал муҳокима гардиданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Абдуфатоҳи Ғоиб гуфт, ки муносибатҳои дуҷониба байни мақомоти гумруки ҳар ду кишвар дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014 ба роҳ монда шудааст. Заминаи ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи зарурӣ густариш ёбад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконот истифода намуда, барои густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя замина муҳайё месозад. Бахусус бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба ва амалӣ намудани Созишномаи байниҳукуматӣ Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, дар низоми тестӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти фаъолияти системаи боркашонии гумрукии байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ҷорӣ намудани механизми «Долони сабз» дар доираи системаи боркашонӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқот ҳамзамон дигар паҳлуҳои тақвияти ҳамкории афзалиятноки мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон муҳокима шуданд.

Интизор меравад, ки ҳайати намояндагони Сарраёсати гумруки Афғонистон аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён»,  воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон  боздид намоянд.

 

Июнь 30, 2017 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд