Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд: муваффақиятҳои аз ин бештарро метавон ба даст овард
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳакориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 низ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Ҳамчунин ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муваффақиятҳои аз ин бештарро метавон ба даст овард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






