Туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе тақдим гардиданд

Июнь 2, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Мактаб-интернати №1 маҳфили идона баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ ба тарбиятгирандагону   омӯзгорон ва парасторони ин муассисаи таълимӣ паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расонид.

М.Муинӣ зикр намуд, ки  ғамхориву дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор  яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб шуда,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ташрифҳои чандинкаратаи Пешвои миллат ба муассисаҳои иҷтимоию маърифатӣ ва аз наздик шинос шуданашон  бо  шароити таълиму тарбияи хонандагони ин даргоҳ  гувоҳи он аст.

«Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош меварзад, ки тамоми шароитро  барои таълиму тарбияи хонандагони мактаб-интернатҳои пойтахт ва омӯзгорону парасторони онҳо  фароҳам оварад»,- афзуд М.Муинӣ.

Сипас барои беш аз 800 нафар хонандагони мактаб-интернати мазкур  дастурхони идона густурда шуд ва намояндагони Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  туҳфаҳои Рустами Эмомалиро  ба онҳо тақдим намуданд.

Дар охир  барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси шодию нишот ва дилхушии тарбиятгирандагону омӯзгорони  мактаб-интернат гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Мактаб — интернати №1 соли 1987 барои кӯдакони ятиму бепарастор таъсис ёфта, аз калонтарин муассисаи соҳа дар ҷумҳурӣ мебошад. Соли равон бо ташаббуси соҳибкор,  роҳбари ширкати «Cарпараст» Маҳмуд Муродов  мактаб- интернати №1 тармиму таъмир мегардад.

IMG_0616

Июнь 2, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад