Турсунзода: муборизаи беамон бар зидди малах
ТУРСУНЗОДА, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истифода аз дастгоҳу заҳрхимикатҳои муосир ва низоми муташаккилонаи кор имкон дод, ки дар масоҳати қариб 3 ҳазор гектар мавзеи пайдогаштаи малах коргарди кимиёвӣ бомуваффақият гузаронида шавад. Ин матлабро Саидалӣ Холматов, сармутахассиси Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар шаҳри Турсунзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Дар ҳудуди деҳаҳои «Хум» ва «Қизил юл»-и ҷамоати деҳоти Навобод, дар деҳаи «Оғо», масири «Долонсой» ва мавзеи «Говмиш»-и ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмони ноҳия дар масоҳати 800 гектар мубориза бар зидди малах натиҷаи хуб дод.
Ҳамчунин дар чарогоҳҳои зимистонаи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз воқеъанд, дар мавзеъҳои «Чӯпон-шаҳид», «Боғи Ҷидда» ва «Найзабулоқ» дар масоҳати 2 ҳазору 200 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Ба мавсими мубориза бар зидди малах 3 адад техникаи дорупошии ОВХ-28, ду адад мошини «Тайота» бо дастгоҳҳои аэрозолӣ, ду адад мошини обкаш, 16 адад дорупошакҳои моторию дастӣ ва 42 нафар коргарони мавсимӣ ҷалб шудаанд.
Ҳоло корҳои нобудсозии малах дар мавзеъҳои паҳнгаштаи он идома доранд. Дар айни замон малах паррончак шуда, ба тухмгузорӣ шурӯъ намудааст. Ҳарчанд ҳамасола ба муқобили ин офати табиӣ маблағҳои муайян, қувваю вақти бисёр сарф мешавад, вале он пурра нест намешавад.
Масъулинро зарур аст, ки на танҳо малах, балки тухми онро низ пурра нест намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






