Ваҳдат идеяи бузургест, ки барои рушду нумўи миллати тоҷик дарси нангу номус ва барои дигарон дарси ибрату ваҳдатофарӣ мебошад

Июнь 26, 2017 09:34

ДУШАНБЕ, 26.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат идеяи бузургест, ки  барои рушду нумўи  миллати тоҷик  дарси нангу номус  ва барои дигарон дарси ибрату  ваҳдатофарӣ мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Ваҳдати миллиро муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат дониста, таъкид менамоянд: «Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои  муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки  аркони давлатдорӣ ва шохаҳои  фалаҷшудаи  ҳокимиятро дар мамлакат  барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама  ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору  суботи сёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди  бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Воқеан,  ин ҳамбастагии миллӣ бузургтарин арзишест, ки барои такони  идеяи миллии ваҳдату бунёдкорӣ ва  фаъол намудани ҳувияти миллии тоҷикон заминаи муътамад  ба вуҷуд меорад.

Ваҳдати миллӣ — ин  натиҷаи  назари сокинони як ҷуғрофиёи сиёсиест, ки  перомуни масъалаҳои зиндагӣ, рифоҳи иҷтимоӣ, дифоъ аз истиқлолияти ин ҷуғрофиёи сиёсӣ ва ҳукумат дар баробари бегонагони хориҷ аз ин марзи ҷуғрофиёии сиёсӣ мебошад. Бояд гуфт, ки давлати миллӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ барои эҷоди  Ваҳдати миллӣ шароит  фароҳам месозанд, вале такмилдиҳандаи  раванди  Ваҳдати миллӣ «ризоият» мебошад, ки онро  баъзан ризоияти миллӣ низ мегӯянд.

Мафҳуми «Ваҳдат» ва «Истиқлолият» аз нигоҳи мазмун ва моҳият бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд, зеро бе Ваҳдати миллӣ дар бораи Истиқлолияти сиёсӣ ва  ҳастии  миллат сухан рондан ғайриимкон аст.  Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо, пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу салоҳро таъмин намуда, хатари аз даст додани Истиқлолияти давлатиро аз байн бурд ва барои пешрафти  кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ваҳдат  ҳамчун  дастоварди бебаҳо имрўз ҳамчун ҷузъи таркибии хиради таҳаммулгароӣ машҳур гардида, дар пешрафти ҳаёти кишварамон нақши арзанда дорад. Дар баробари ин  Ваҳдати миллӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва танзими муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Иҷлосияи таърихии   16 –уми  Шўрои Олӣ низ  барои наздик намудани раванди сулҳ ва барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ на танҳо нақши муассир бозид, балки ҷиҳати пойдор намудани шохаҳои ҳокимият ва муайян намудани рамзҳои давлатӣ асос гузошта, роҳи минбаъдаи халқи маҳбубамонро дуруст муайян намуд.

Имрўз доир ба  нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти  кишварамон  бештар сухан мегўянд, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро бесобиқа медонанд, ки  ин таҷрибаро истифода карда, баҳри оромию осудагӣ кўшиш намоянд. Мо ин муваффақиятро дастоварди  мардуми  соҳибмаърифати худ медонем ва ба он арҷ мегузорем. Имрўз   вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки  тамоми комёбиҳои  дар 20 соли  Ваҳдати миллӣ  ба даст овардаамонро ба  ваҳдату  соҳибистиқлолӣ вобаста намуда,  бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон кўшиш намоем.

Имрўз Ваҳдати миллӣ дар тамоми кишвар ҳамчун  ифодагари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта ва бурдборонаи тамоми шаҳрвандони кишварамон шинохта шудааст. Дар ин замина мо бояд ба ваҳдату истиқлолияти кишварамон  ҳамчун дастоварди  бузурги миллӣ арҷу эҳтиром дошта бошем.

Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро воқеъбинона таҳлил намоем. Ба ҳар яке аз онҳо баҳои ҳаққонӣ пешниҳод намоем ва роҳи рушду нумўи кишварамонро равшан муайян созем.

Кишвари мо имрўз мисли давлатҳои гуногуни  ҷаҳон таҳти таъсири буҳрони иқтисодӣ қарор дорад, ки дар ниҳояти кор ин омил метавонад ба рушди бонизоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва дар маҷмўъ ба истиқлоляти миллӣ ва ваҳдату суботи сиёсии ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рў, дар баробари амнияту бехатарии давлату ҷомеа, мо бояд ба амнияти иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи хоса дошта бошем.

Ваҳдат  беҳтарин гавҳар дар  рушди босуботи кишвари азизамон ба шумор меравад, ки  дар тўли 20 соли  соҳибваҳдатӣ   на танҳо мардумони кишвари худамон, балки мардумони  дигар кишварҳо низ  ба он эҳтироми самимӣ  доранд. Ваҳдат, сулҳ ва оромии  давлат    пешрафти миллат аст.

Июнь 26, 2017 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо