«Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол»- ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Ваҳдат
ВАҲДАТ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангии шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол» ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷамъомад бо ташаббуси донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ташкил гардида, дар он дастовардҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.
Раиси созмони ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Саодат Ҳоҷибоева иброз намуд, ки донишҷӯёни коллеҷ бо баргузории ин ҳамоиш ҷавонону наврасони шаҳрро ба роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии кишвар даъват намуданд.
«Силсилачорабиниҳои фарҳангие, ки аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардида истодааст, бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо мебошад»,-гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Розиқов.
Донишҷӯён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дар назди ҳозирин дар васфи Ватан, сулҳ ва ҷавонмардӣ шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби онҳо пешкаши сокинон гардид, хеле ҷолиб ва хотирмон арзёбӣ гардид.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






