«Ваҳдати миллӣ- омили рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон»- конференсияи илмӣ-амалӣ дар Академияи илмҳо

Июнь 9, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Мақсади ҳамоиши илмиро масъулини конференсия баррасии сиёсати дохилӣ ва оқилонае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар амал татбиқ намудаанд, арзёбӣ карданд.
Дар конференсия президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни муаррифии натиҷаҳои сиёсати ваҳдатгароёна иброз намуд, ки «Пешвои миллат ҳанӯз дар иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меоварам ва барои расидан ба ин мақсад ҷонамро дареғ намедорам». Маҳз ҳамин суханон дар дили шаҳрвандони мамлакат шуълаи умедро ба ояндаи нек равшан кард».
Ба андешаи Фарҳод Раҳимӣ, Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар саросари кишвар ҳукмфармост, барои инсонҳо якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб, тарҳрезии иқтисоди ягонаи барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.
Дар конференсия ҳамчунин ҷонишини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода, прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ Темур Салимзода ва дигарон сухан гуфта, ҷанбаҳои гуногуни Ваҳдати миллиро аз назари илмӣ баён намуданд.
Зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ бо таъмини осудаҳолии шаҳрвандони кишвар бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Самимият, ҷасорат, майли бозоварии гурезагони тоҷики хориҷ аз мамлакат, дипломатияи олӣ ва дигар сифатҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон ба вуҷуд оварданд, ки он рӯзҳои мудҳиш анҷом ёфта, Ваҳдати миллӣ тантана намояд.
Имрӯз ҳам дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он ҷомеашиносон сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро ба ҳайси дастоварди таърихӣ дар кишварҳои худ барои татбиқ тавсия медиҳанд.
Конференсия кори худро дар се бахш идома дод. Бахши аввал бо номи «Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ» муаррифӣ шуда, дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академия баргузор гардид. Бахши дуюм таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва рушди қонунгузории миллӣ» дар толори Академия ва бахши сеюм дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва рушди забони давлатӣ» дар бинои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ идома ёфт.

Июнь 9, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд