«Ваҳдати миллат–саодати миллат»: маҳфили шеъру суруд дар Душанбе

Июнь 12, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. 11 июни дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  маҳфили шеъру суруд дар мавзӯи «Ваҳдати миллат – саодати миллат» баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳфили шеъру сурудро Иттифоқҳои композиторон ва  нависандагони Тоҷикистон  бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, дар он олимону адибон, оҳангсозон ва мусиқашиносон, устодони санъат ва чеҳраҳои нави  саҳнаи ҳунар иштирок намуданд.

Ғояи асосии маҳфили мазкур аз тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистони азиз ва мероси пурғановати ниёгон  иборат буд.

Июнь 12, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид