«Ваҳдати миллиро ҳамеша пос медорем» -бардошт аз мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳри Турсунзода

Июнь 20, 2017 11:41

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 17 июн ба ифтихори Ваҳдати миллӣ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва банди 4-и нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Турсунзода чорабиниҳо баргузор гардиданд.

Ҳайати гурўҳи корӣ аз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Субҳон Кошонов, сардабири маҷаллаи «Пайванд» Равшан Раҳмонӣ, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Муистон Азизова иборат буданд. Гурўҳи корӣ дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, бозор ва минтақаҳои шаҳри Турсунзода вохўрӣ ва мулоқотҳои судманд баргузор намуданд.

Мутобиқи ҷадвали тартибдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 12 июн дар ҷамоатҳои деҳоти Сешанбе ва Қаратоғ, 13 июн дар ҷамоати деҳоти дурдасти Работ ва Турсун Туйчиев, 14 июн дар ҷамоати деҳоти Навобод ва Пахтаобод, 15 июн дар ҷамоати деҳоти Регар ва ба номи Ҷўра Раҳмонов ва 16 июн дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки ҷавононписарону духтарон, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва сохторҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» вохўрию мулоқотҳо гузаронида шуд.

Боиси тазаккур аст, ки гурўҳи кориро прокурори шаҳр Мирзошариф Шарифзода, сардори КДАМ дар шаҳри Турсунзода Исуф Исоев, сардори ШВКД Муҳаммадшоҳ Искандарзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Аҳмадоҷон Маҳмудов, муовинони соҳавӣ Парвиз Акрамзода, Ғафурҷон Собирзода ва Солеҳа Холова низ ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳайати корӣ дар вохўриҳо оид ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ суҳбатҳо ороста, аз дастовардҳои мардуми кишвар ва саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханҳои нек гуфтанд.

Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи ҷомеа, неруи боварибахшу пешбарандаи кишвар маҳсуб меёбанд. Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин иқдоми наҷиб ифодагари ғамхории навбатии Сарвари хирадманди кишвар ба шумор меравад.

Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат барои насли ҷавони ояндасоз ва ворисони сазовори миллат ва кишвар пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, нисбат ба онҳо шароити хуби донишомўзӣ ва таҳсил муҳайё кардааст. Онҳо бояд ба роҳнамоии падару модар ва мактабу донишгоҳ ҳамеша дар талоши он бояд бошанд, ки донишҳои замони худро аз худ намуда, онро барои пешрафти кишвару миллат истифода намоянд.

Метавон ёдовар шуд, ки дар шаҳри Турсунзода вохўриҳо ва суҳбатҳо бо мардум дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ баргузор гардид. Дар ҳар мулоқот на фақат ҳайати корӣ сухан мегуфтанд, балки намояндагони маҳал, ҷавонон, пирони барнодил низ андешаҳои хешро баён дошта, ҷавонон ва мардумро ба роҳи нек ҳидоят менамуданд.

Мулоқоти аввали ҳайати корӣ аз ҷамоати деҳоти Сешанбе оғоз гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин таъкид намуданд, ки ҷавонон аз ин ҳодисаҳои гўшхароши солҳои навад дарси ибрат бигиранд. Дар мулоқотҳо падару модарони баъзе аз ҷавонони роҳгумзада, ки ба кишварҳои ҷангзада рафта ба созмонҳои террористию экстремистӣ шомил гардидаанд, иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишАҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки шумораи ҷавонон беш аз 70 дар сади аҳолиии кишварро дар бар мегиранд. Имрўз онҳо даст ба дасти ҳамдигар дода, бояд сиёсати ояндасози Пешвои миллатро пеш баранд, парчами созандагиро ба ояндагон интиқол бидиҳанд. Барои ин чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама дониш, омўзиш, пажўҳиш, соҳиби касбу ҳунар шаванд ва ҳамчунин дар тамоми саҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фаъолона ширкат намоянд.

Фаромўш набояд кард, ки 27 июн дар таърихи кишвари мо хотирмон аст. Маҳз Ваҳдати миллӣ моро ба роҳи дуруст роҳнамун сохта, он чун пояи устувори давлат, бақои миллат, рамзу асолати миллӣ, ормонҳои таърихӣ, муттаҳид шудани тоҷикон ва тоҷикистониҳо ба ҳисоб меравад. Ҷавонони Тоҷикистон бояд барои гиромӣ доштани ин санаи муҳими таърихӣ аз таҳти дил заҳмат кашанд. Зеро Ваҳддати миллӣ буд, ки имрўз онҳо орому осоишу осуда зиндагонӣ мекунанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Субҳон Кошонов бо мисолҳо фаҳмонид, ки Ваҳдати миллиро азиз дорем. Имрўзҳо терроризм ба яке аз зуҳуроти ваҳшатбори ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат аз минбарҳои баланд ёдовар шуданд, ки он бо дини мубини ислом иртибот надорад. Террорист на модар, на падар, на миллат, на кишвар дорад. Бинед, ин ваҳшониятро, ки барои амалӣ сохтани нияти нопоки худ сари модари аизи худро мебуранд, аз бародарон ва хешовандони худ рў мегардонанд, мардуми бесаводро ба доми худ кашида, ба бало гирифтор менамоянд. Хеле ҷолиб аст. Чаро сардорони террористҳо фарзандону хешовандони хешро барои худкушӣ намефиристанд. Дар ин бора фикр бояд кард. Кӣ мурдан мехоҳад? Кӣ намехоҳад, ки зиндагӣ накунад? Дар он рўзҳои талхи солҳои 1992-1997 дар он ҷое, ки ҷанг буд ҳама орзуи онро доштанд, ки зинда монанд. Аз ин рў, мо тоҷикистониҳо, бояд Ваҳдати миллии кишварамонро гиромӣ дорем.

Сардабири маҷаллаи «Пайванд» Равшан Раҳмонӣ ҷавононро ба хирадварзӣ ва аз донишу ақлу идрок кор гирифтан даъват намуда, зикр кард: «Шахсе, ки дониши дурусти мантиқӣ дорад ба роҳи бад намеравад, миллат ва кишварашро гиромӣ медорад, ҷанг кардан намехоҳад, ба гурўҳҳои бадкор ҳамроҳ намешавад, хонаводааш, деҳааш, миллаташ ва кишварашро обод кардан мехоҳад. Ҷавонон бояд фақат биомўзанд, омўхтаи худро дар амал татбиқ намоянд, калонсолон бояд наврасон ва ҷавононро ба роҳи нек ҳидоят намуда, Ваҳдати миллӣ кишварро азиз доранд.

Ҳамин тавр, дар тайи чанд рўз дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Работ, Турсун Туйчиев, Навобод, Пахтаобод, Регар, Ҷўра Раҳмонов, 10-солагии Истиқлолият ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мулоқотҳои судманд барпо шуданд.

Нуктаи муҳим он аст, ки дар ин мулоқоту сўҳбатҳо мардум низ хеле фаъол буданд. Суханони хонандаи Литсейи президентӣ С. Саидова, имомхатиб И.Шарофов, муаллим У.Азизов, С.Неъматова (хонандаи мактаби №37), М.Нусратова (хонандаи мактаби №37), сардори ШВКД генерал М.Искандарзода, М.Ҷобирҷонзода (хонандаи синфи 11), Б.Убайдов (пирамарди 75-сола), А.Маҳмадов (хонандаи сини 10), А.Ҳомидов (мўйсафеди нуронӣ), У.Ашӯров, А.Каримов ва дигарон бо эҳсос ва таъсирбахш буд. Онҳо бо меҳр аз ватандорӣ, самимияту садоқат ба кишвар, оромию осудагӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҷавонию рушди ояндаи неки мамлакат ёдовар шуданд. Ҳар кадоме аз сухангўён аз ояндаи нек ва сарзаниши ҷангу терроризм суҳбат доштанд. Барои боз ҳам ободу зеботар намудани Тоҷикистони азиз ҳисса гузоштани худро таъкид намуданд.

 

Равшан РАҲМОНӢ,

сардабири маҷаллаи «Пайванд»

 

Июнь 20, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард