Вазири корҳои дохилӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм дар Ашқобод иштирок намуд

Июнь 14, 2017 09:22

ДУШАНБЕ, 14.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм доир гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши сатҳи баланди байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва СММ, ки таҳти раёсати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш баргузор гардид, вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ оид ба мубориза бо терроризм табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳимтарин проблемаи ҷаҳону минтақа маҳсуб ёфта, дар ҳамбастагию якҷоягӣ сабабу омилҳои ба терроризм мусоидаткунанда бояд бартараф карда шаванд.

Ба зикри манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин дурнамои роҳҳои афзалиятнок дар соҳаи мубориза бо терроризм дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Июнь 14, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд