Вазирони корҳои дохилии ИДМ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҳайати баландпояи вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода пешвоз гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати мазкурро вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон генерал-полковник Рамил Усубов, Беларус — генерал-лейтенанти милитсия Игор Шуневич, Қазоқистон — генерал-полковники политсия Калмуханбет Қосимов, Қирғизистон — полковники милитсия Улан Исроилов, Федератсияи Россия — генерали политсия Владимир Колоколтсев, Ӯзбекистон — генерал-майор Абдусалом Азизов, Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-лейтенанти политсия Олег Коновалов, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Олег Бабин, муовини сардори политсияи Арманистон генерал-майори политсия Вардан Егиазарян ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Конисбек Жусупбеков ташкил медиҳанд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ имрӯз ба кори худ оғоз бахшид.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






